Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба ноумедон бояд умед бахшид..."


Равоншиносони тоҷик дар як ҳамоиш роҳҳои бозгардони маъюбонро ба зиндагии фаъолонаи иҷтимоӣ баррасӣ карданд.

Умарбек, ҳанӯз дар 6-солагӣ аз таркиши бомбаи хӯшаӣ осеб дид. Имрӯз ӯ 23 сол дорад ва бо талошу хушбинӣ тавонистааст, мавқеи худро дар зиндагӣ пайдо кунад.
Солҳои охир дар оилаҳои тоҷик шакли нави хушунат, дар заминаи эътиқодҳои динӣ зуҳур кардааст...

Ин ҳам дар ҳоле, ки Умарбек мегӯяд, кӯдакону наврасоне, ки дар натиҷаи инфиҷори мина ва бомбаи кассетӣ маҷрӯҳ мешаванд, барои ҳамеша дар зери фишори равонӣ қарор мегиранд. Ва пайваста ба кӯмаку дастгирӣ ниёз доранд.

Равоншиносони тоҷик қурбониёни минаро ба гурӯҳе марбут медонанд, ки ба хушунати ҷамъиятӣ гирифтор шудаанд.Ба андешаи онҳо ин минаҳо аз сӯи аъзои ҷомеа гузошта шудааст ва масъулияти онҳое, ки аз онҳо осеб мебинанд, бар дӯши ҷомеа аст.

Бо ҳадафи ташхиси ин масъулият ахиран як гурӯҳи равоншиносони Тоҷикистон, ки дар марказҳои кӯмаки равонӣ ва мактабҳои олии кишвар фаъолият мебаранд, гирди ҳам омаданд.

Маҳмадулло Давлатов, узви Анҷумани миллии равоншиносон, мегӯяд, онҳо ният доранд минбаъд барои коҳиш додани ҳама навъҳои хушунат дар ҷомеа ва кӯмаки равониву иҷтимоӣ ба ҷабрдидагони зӯроварӣ бо мақомоти мухталиф ҳамкориро ба роҳ монанд.

Вай мегӯяд: “Ёрии иҷтимоӣ аз он иборат аст, ки мо барои ҷабрдида вазоратҳои мувофиқро барои қонеъ намудани талаботҳои гуногуни иҷтимоӣ вай бояд сафарбар кунем. Масалан дар оила мушкили иқтисодӣ ҷой дорад ва ҳамин шароити бади иқтисод ба зӯроварии иқтисодӣ мебарад. Вале баъзе ҳолатҳое низ ҳаст, ки оила ғанӣ аст, вале дар он ҷо низ хушунат ҷой дорад. Пас маълум мешавад, ки оила наметавонад сарвати мавҷударо бевосита идора кунад, ки ин низ масъалаи иҷтимоист ва мо бояд бигӯем, ки чӣ навъ талаботи фарзандонро мебояд қонеъ кард.»

Гуфта мешавад,дар ҷомеаи Тоҷикистон бештар навъҳои хушунати хонаводагӣ, латукӯби ҳамсарон мушоҳида мешавад, ки аз заъиф будани мавқеи зан дар хонаву ҷомеа маншаъ мегирад.

Дигар намунаҳои густардаи нақзи ҳуқуқи инсон дар кори бармаҳали наврасон дар кӯчаву хиёбонҳо, аз таҳсил дур мондани фарзандони хонаводаҳои нодор, ба вижа духтарҳо, ном бурда мешавад.

Дар ҳамин радиф равоншиноси тоҷик Нафиса Муродова гуфт, "солҳои охир дар оилаҳои тоҷик шакли нави хушунат, дар заминаи эътиқодҳои динӣ зуҳур кардааст."

Хонум Нафиса меафзояд, волидони аксар ҷавононе, ки имрӯз ба равияҳои мухталифи динӣ ҷалб мешаванд аз ин пайравии фарзандони худ чандон истиқбол намекунанд, ки боис ба низоъҳои хонавода мешавад.

«Баъзан писарон нисбати модаронашон муқобил мебароянд, ки шумо сару либоси муайян надоред ва ё сари бараҳна мегардеду либоси аврупоӣ мепӯшед. Ва онҳо эътирози худро равшан ифода мекунанд, ки дар натиҷа зиддияти аъзои оила пайдо мешавад.»


Нафиса Муродова мегӯяд, таҷрибаҳо гувоҳи онанд, ки ҷомеаи тоҷик ба равонпизишкон торафт эътимод пайдо мекунад. Ин аст, ки теъдоди қурбониёни ҳама навъҳои хушунат барои гирифтани машварату ёрӣ ба онҳо муроҷиат мекунанд. Аз ҷумла Заррина Кенҷаева равоншиноси якеа за донишгоҳҳои кишвар мегӯяд, бо роҳи машварати равонӣ бархе аз ҷавонони маргталабро аз роҳи ғалат баргардондааст.

Дар ҳамин замина Абдураҳмон Хонов, корманди Кумитаи кор бо чавонон, мегӯяд, мушкилоти иҷтимоӣ, сатҳи пасти зиндагӣ, муносибати нобаробар дар оила, хушунат ва бекории шадид ҷавононро аз зиндагӣ дилсард мекунад.

Ва ҳамсӯҳбати мо яке аз сабабҳои афзоиши худкуширо дар байни наврасону ҷавонон дар набуди дарсҳо ва марказҳои кӯмаки равонӣ дар мактабҳо медонад.
XS
SM
MD
LG