Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили Судон ва Конфаронси Исломӣ


Намояндагони 57 кишвари узв, аз ҷумла Тоҷикистон дар Истанбул мехоҳанд, масоили ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва мубориза зидди фақрро баррасӣ намоянд.

Дар остонаи ифтитоҳи нишасти созмон, Умар Ал-Башир – раиси ҷумҳури Судон аз ширкат дар он даст кашид. Баширро ба ҷиноятҳои ҷангӣ муттаҳам мекунанд ва як додгоҳи байналмилалӣ ҳам амри боздошти ӯро содир кардааст.
"Ин як нишасти иқтисодӣ аст. Аз ин рӯ ҳузур ё набуди раҳбарони кишварҳои узв масъалаи аслӣ нест. Ба андешаи ман, мо ҷанбаҳои муҳими зиёдтаре дорем, ки баррасӣ кунем...

Ҳузури эҳтимолии Башир дар нишаст, Туркияи умедвори узвият ба Иттиҳоди Аврупоро дар мавқеъи ноҳинҷоре қарор дод, зеро ин иттиҳод ва гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи инсон аз Туркия хостанд, то Баширро ба нишаст даъват накунад ва ё вақти вурудаш ба Истанбул ӯро дастгир намояд.

Аммо мақомоти Туркия пештар гуфта буданд, ки қасди боздошти Баширро надоранд, зеро Туркия Аҳдномаи Додгоҳи байналмилалии ҷурму ҷиноятро имзо накардааст. Додгоҳи мазкур Баширро ба ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноят алайҳи башарият дар минтақаи Дорфури Судон муттаҳам намудааст.

Мақомоти Туркия ҳамчунин таъкид кардаанд, ки Баширро на ҳукумат, балки Созмони Конфронси Исломӣ ба нишаст даъват кардааст.

Ҳукумати Судон эълом кард, ки сафари Умар Ал-Башир бинобар ҳузури вай дар як музокираи муҳими сиёсӣ дар шаҳри Хартум лағв шуд.
Пеш аз ин матбуоти Туркия гузориш дод, ки нахуствазир Раҷаб Тайиб Эрдуғон, иттиҳомоти Додгоҳи байналмилалии ҷурму ҷиноятро бепоя хонда ва гуфтааст, ки “ягон мусулмон наслкушӣ намекунад”.

Хабаргузории “Анатолий”-и Туркия аз қавли Раҷаб Тайиб Эрдӯғон навиштааст, “агар як чунин чизе, манзур - наслкушӣ мебуд, мо бо Башир дар ин бора рӯ ба рӯ гуфтӯгу мекардем.”

Икмолиддин Эҳсоноғлу – дабири кулли Созмони Конфронси Исломӣ пештар гуфт, нишасти Истанбул назар ба Ал-Башир барои баррасӣ масоили муҳимтаре дорад: "Ин як нишасти иқтисодӣ аст. Аз ин рӯ ҳузур ё набуди раҳбарони кишварҳои узв масъалаи аслӣ нест. Ба андешаи ман, мо ҷанбаҳои муҳими зиёдтаре дорем, ки баррасӣ кунем."

Дар ҳамоиш, Маҳмуди Аҳмадинажод раиси ҷумҳури Эрон низ суханронӣ кард ва гуфт, низоми иқтисодии ҷаҳон ниёз ба тағйири фавқулода дорад, зеро ба гуфтаи вай, низоми сармоядорӣ иллати бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ шудааст.

Ҳомиди Карзай – раиси ҷумҳури Афғонистон, ки барои ширкат дар нишасти Созмони Конфронси Исломӣ ба Туркия омадааст, бо намояндагони ҳашт кишвари узв, аз ҷумла Маҳмуди Аҳмадинажод низ мулоқот анҷом дод.
XS
SM
MD
LG