Пайвандҳои дастрасӣ

Фурқат Ниёзӣ, ки дар Берлин ба сар мебараду ҳамсари олмонӣ дорад, мегӯяд, аз байн рафтани девор на танҳо маънои боз шудани марзҳоро дорад.

Раҳбарони гузаштаву имрӯзаи ҷаҳон дар қатори даҳҳо ҳазор сокинони Олмону ҷаҳонгардон 20-умин солгарди фурӯпошии Девори Берлинро, ки ба хатми воқеии ҷанги сард ва боз шудани марзҳои миёни кишварҳои пешини коммунистӣ ва Ғарб гардид, дар маркази Берлин таҷлил карданд.
Девор як аломат буд, аломати марз буд ва баъди фурӯпошии девор як марз бардошта шуд, ки одамон тавонистанд бо ҳам биёянд...

Девори Берлин, ки 28 сол арзи вуҷуд карда баъди хатми ҷанги дуюми ҷаҳон то соли 1989 Олмони ғарбиро аз ҷумҳурии демократии Олмон, маъруф ба Олмони шарқӣ ҷудо мекард, шояд яке аз мустаҳкам ва барҷастатарин рамзҳои “ҷанги сард” будааст. Бо фурӯрезии ин девор на танҳо режими коммунистӣ дар Аврупои Шарқӣ шикаст хӯрд, балки тамоми низоми сиёсии ҷаҳон дигар шуд.

Соли 1989 ҳамчун як соли пурҳаводису пурошуб нақш бастааст. Силсилаи инқилобҳо дар қаламрави густураи коммунистии пешин, суқути режимҳои диктотурӣ ва боз шудани роҳ барои ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ - ҳама хоси он даврон буд.

Соли 1987 Михаил Горбачев, раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ дар бораи шурӯи ислоҳоти ҳамаҷонибаи сиёсию иқтисодӣ, навсозии сохториву идеологии ҳизби коммунист эълон кард, ки бо исми “перестройка” маъруф гашт. Ҳамон солҳо раҳбарони дигар кишварҳои коммунистии пешин дар қораи Аврупо дарк карданд, ки дигар вобастагии онҳо аз Маскав тамом шуд.

Шикасти режими коммунистии Олмон моҳи маи соли 1989 шурӯъ шуд. Он замон Маҷористони ҳамсоя як шикофиро дар марзаш эҷод карда ба даҳҳо ҳазор олмониҳо иҷозаи ворид шудан ба кишварро дод. Дар натиҷа, ҳазорҳо олмониҳо дар сафоратхонаҳои Олмони ғарбӣ дар Будапешту Прагаву Варшава паноҳ ёфтанд. Баъди 10 сентябри ҳамон сол фирори мавҷи муҳоҷирон аз Олмони шарқӣ афзоиш ёфта Маҷористон расман иҷоза дод, ки паноҳандаҳо ба Ғарб роҳ ёбанд. Октябри соли 1989 Чехословакияву Лаҳистон созишномаҳои монанд ба инро имзо карданд.

Михаил Горбачев бо ҳадафи мулоқот бо ҳамтои олмониаш Эрих Ҳонекер ба Берлин рафт, то ки ӯро водор кунад, ки ислоҳоти сиёсиро дар кишвари худ қабул ва онро роҳандозӣ кунад. Он замон аллакай шумори мардуми эътирозгар дар хиёбонҳои Лейпсигу Берлини шарқӣ ба ҳудудан як миллион нафар наздик шуд ва Ҳонекер ҳам маҷбур шуд ба истеъфо равад. Ин ҳодиса рӯзи 18 октябри соли 1989 рӯй дод. Аммо нафари бар ивази ӯ омада – Эгон Кренс натавонист зидди мавҷи азими эътирозгарон кореро анҷом диҳад ва муҳоҷиронеро, ки аз Олмони шарқӣ тавассути хоки Чехословакия ба ғарб мерафтанд, баргардонад.

Ниҳоят, рӯзи 9 ноябри он сол Олмони шарқӣ тасмим гирифт, ки марзи худро бо Олмони ғарбӣ ва Берлини Ғарбӣ боз кунад. Вале барои
гузаштан ба тарафи муқобили марз виза лозим буд, ки барои гирифтани он ҳадди аққал як рӯз интизоор шудан мебоист. Вале фишори даҳҳо ҳазор эътирозгарон, ки ба марз шитофтанд, нагузошт, ки ин қонун амалӣ шавад. Баъзе раҳбарони полиси наздимарзӣ тасмим гирифтанд, ки дарвозаҳоро комилан боз кунанд, то ки мардум ба Олмони ғарбӣ роҳ ёбанд.

Девори Берлин фурӯ рехт ва дар давоми як соли баъдӣ Олмони шарқиву ғарбӣ дубора муттаҳид шуда дар харитаи сиёсии ҷаҳон дубора як Ҷумҳурии федеративии Олмон бо пойтахташ Берлин зуҳур кард.

Таъсири рӯйдодҳои инқилобии Олмон дафъатан дар сарнавишти кишварҳои дигари ҳамсоя, муттафиқони ба истилоҳ лагери сотсиалистии он ҳам инъикос ёфт: дар Булғористону Руминия, Чехословакияву Югославияи собиқ ва дигар ҷумҳуриҳо дар паи ошӯбҳои мардумӣ ҳукуматҳои коммунистӣ суқут карданд ва боди азими тағйироту ислоҳот ҳамакнун ба ҷумҳуриҳои шӯравии пешин, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ доман паҳн кард. Баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1991 ҳама 15 ҷумҳурӣ истиқлолияти худро эълон карданд.

Дар ҳоле, ки имрӯз сиёсатмадорону таърихшиносон ба рӯйдодҳои баъди шикасти девори Берлин баҳои тақрибан ҳамсонро медиҳанд, аксарият насли ҷавон, ки шояд ҳамсоли он рӯйдодҳо мебошанд, мегӯянд, барояшон боз шудани имкониятҳои тоза сафару ҷаҳонгардӣ, таҳсилу кор дар беруни кишварашон, ки барои волидони онҳо ғайриимкон буд, муҳимтарин дастоварди ин ҳама ҳаводис будааст. Фурқат Ниёзӣ, як ҷавони ҳунарманди тоҷик, ки дар Берлин ба сар мебараду ҳамсари олмонӣ дорад, мегӯяд, аз байн рафтани девор на танҳо маънои боз шудани марзҳоро дорад.

Вай роҷеъ ба аҳамияти донистани он рӯйдодҳои таърихӣ дар сӯҳбат бо Ояндасоз чунин гуфт: “Шахсан барои ман ин аҳамияти бузург дорад, чунки фурӯпошии девор намешуд, ман ба Берлин намеомадам. Ман наметавонистам дар ин ҷо зиндагиву кор кунаму озодона ба Тоҷикистон биравам ва аз хона ба Олмон сафар кунам. Девор як аломат буд, аломати марз буд ва баъди фурӯпошии девор як марз бардошта шуд, ки одамон тавонистанд бо ҳам биёянд. Даври пеш ҷаҳон ба ду тақсим шуда буд ва баъди он ки деворро гирифтанд, агар бубинем, умуман ғарб бо шарқ бо ҳам наздиктар омаданд. Барои тамоми инсоният ин аҳамияти хеле бузург дорад.”

Рӯзи 9 ноябр маросимҳои Берлин бо шикасти рамзии як ҳазор дода домино, ки дар масофаи яку ним километр ҷо гузошта шуда рӯи ҳар якашро кӯдакон наққошӣ кардаанд, анҷомид. Ин айнан ҳамон масоҳати тӯли девори гузаштаи Берлин аст, ки аз он ҳоло танҳо чанги хотироти таърих боқӣ мондаасту халос.
XS
SM
MD
LG