Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи ҳуқуқшинос ба пурсиши шунаванда


Шарҳи яке аз нуктаҳои Қонуни афви Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо ҳуқуқшиноси номӣ зимни дархости як шунавандаи "Озодӣ".

Яке аз мухлисони радиои "Озодӣ" ба воситаи паёмаки телефони ҳамроҳ (SMS) пурсидааст, ки оё маҳкумшудагони тибқи моддаҳои 104 ва 200 қонуни кайфарии Тоҷикистон афв хоҳанд шуд?

Ба ин савол ҳуқуқшиноси тоҷик, Абдуқаюми Юсуфӣ ин гуна посух дод:

-- Барои ба ин савол посух гуфтан, мо бояд ба моддаи 8-и қонун “Дар бораи авф” назар афканем. Дар ин модда хеле рӯшан гуфта шудааст, ки моддаи 7-и ҳамин қонун нисбат ба кадом гурӯҳи маҳкумшудагон татбиқ намешавад.

Маҳкумшудагоне, ки мувофиқи моддаи 104-и Қонуни ҷиноӣ, ба истиснои сӯиқасд ҷиноят содир карда, зиндонӣ шудаанд, қонуни авф татбиқ намешавад. Яъне, агар нафаре бевосита куштор содир кардааст, нисбат ба ӯ қонуни мазкур сабукӣ оварда наметавонад.

Агар онҳое, ки бо моддаи 200, яъне гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, маҳкум шудаанд, нисбат ба онҳо ин қонун татбиқ карда мешавад. Вобаста аз мӯҳлати ҷазои гирифтаашон, мӯҳлати адонашуди ҷазо кам хоҳад шуд. Яъне, агар бо моддаи 200 қисми 4-и Қонуни ҷиноӣ маҳкум шуда бошанд, аз 4 як ҳиссаи қисми адонагардидаи ҷазои нафари зиндонӣ кам карда мешавад.
XS
SM
MD
LG