Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз дар пойтахти Олмон, Берлин, аз тахриби девори машҳуре таҷлил карданд, ки 28 сол Олмонро ба бахшҳои шарқӣ ва ғарбӣ ҷудо мекард,

Девори Берлин шояд қавитарин рамзи Ҷанги Сард буд. Он на танҳо як шаҳр, балки ҷаҳонро ба ду бахш тақсим мекард. Ақидае маъмул аст, ки гӯё ин деворро раҳбари вақти шӯравӣ Михаил Горбачев фурӯ афтонд. Аммо фаромӯш мешавад, ки дар 28 соли мавҷудияташ садҳо нафар ба он боло мешуданду худро ба дунёи дигар, ба Ғарб, меафканданд.
Ин шаҳр на танҳо барои олмониҳо, балки барои аврупоӣ ва амрикоиён, барои ҳамаи ҷаҳониён аҳамияти бузурге дорад...

Хадамоти махсуси Олмони Шарқӣ дастур гирифта буд, ки чунин гурезаҳоро бидуни огоҳӣ ҳадафи тир қарор диҳанд. 136 нафар ҳангоми паридан аз ин девор кушта шудаанд.

Дар соли 1989 фишори мардум ба ҳукумати Олмони Шарқӣ рз ба афзоиш дошт ва рӯзе набуд, ки дар пояи девор намоишҳои эътирозӣ баргузор нашаванд.

Рӯзи 9-уми ноябри ҳамон сол сухангӯи ҳукумати Олмони Шарқӣ эълон кард, ки шарқиён иҷоза хоҳанд дошт, озодона ба қисмати ғарбии Берлин сафар кунанд. Ҳоло маълум шудааст, ки ҳукумат маҷбур буд, пеш аз мӯҳлат, ба иллати афзоиши тазоҳурот ин хабарро эълон ва тазоҳуркунандагонро қонеъ кунад.

Дар ҳоле ки анбӯҳи эътирозгарон то рафт бузургтар мешуд, мақомоти марзбонӣ нимашабӣ монеаҳоро бардоштанд ва фавҷи одамон аз Олмони Шарқӣ ва Олмони Ғарбӣ сарозер гашт.

Дар он сӯи девор олмониҳои ғарбӣ ҳамқавмони худро бо шарбату шириниҳо пешвоз гирифтанд. Бархе аз бонкҳо ба онҳо пули муждагонӣ доданд ва бахше аз Берлини Ғарбӣ ба ҷашнгоҳи бузург табдил ёфт.

Ҳилларӣ Клинтон дар ҷойгоҳи қаблии девор. 9 ноябри соли 2009.
Имрӯз чунин ҷашн дар масире баргузор шуд, ки як замон девор олмониҳоро ба ду қисм ҷудо мекард. Ин ид ҳам шоду сармасткунанда аст ва ҳам сахту ҳушёркунанда.

Садри аъзам Ангела Меркел, ки дар Олмони Шарқӣ ба воя расидааст, рӯзи идро бо намоз дар Калисои Гетсемане, ки як замон оғозгоҳи тазоҳуроти мухолифони шарқӣ буд, шурӯъ кард.

Пас аз хушомадед ва мулоқот бо меҳмонони олиқадр, Меркел якҷо бо раҳбари вақти шӯравӣ, Михаил Горбачев ва собиқ раҳбари мухолифони Лаҳистон Лёх Валенса дар қитъаи Борнҳолмер марзи собиқро гузашт.

Пеш аз ин вай бо вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон мулоқот кард. Хонуми Клинтон гуфт: "Ман сарафрозам, ки дар ин маъракаи таърихӣ дар Берлин ҳастам. Ин шаҳр на танҳо барои олмониҳо, балки барои аврупоӣ ва амрикоиён, барои ҳамаи ҷаҳониён аҳамияти бузурге дорад. Ва ман ба садри аъзам на танҳо ин маъракаи барҳақ, балки кори ӯ ва ҳукуматашро табрик мегӯям."

Дар таҷлил аз бистумин солгарди фурӯпошии Девори Берлин ҳамчунин сарони Фаронса, Британия, Русия ва дигар кишварҳо ширкат варзиданд.

XS
SM
MD
LG