Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои Карзай аз кишварҳои исломӣ


Ҳомиди Карзай – раиси ҷумҳури Афғонистон ба хотири хотима додан ба муноқишаҳои мудавом дар ватанаш, имрӯз хостори ҳамкориҳои тиҷоратии наздиктар бо кишварҳои исломӣ шуд. Пас аз пирӯзӣ дар интихоботи ҷанҷолии Афғонистон, Ҳомиди Карзай дар нахустин сафари хориҷиаш ба Туркия дар ин бора дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Конфронси Исломӣ сухан гуфт. Дар ҳамоиши якрӯза асосан ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқдомот барои коҳиши фақр дар 57 кишвари узв баррасӣ мешавад. Умар Ал-Башир – раиси ҷумҳури Судон, ки амри байналмилалии боздошти ӯ содир шудааст, аз ширкат дар ҳамоиш даст кашид ва Маҳмуди Аҳмадинажод – раиси ҷумҳури Эронро "ангуштнамои" ин маҳфил кард.
XS
SM
MD
LG