Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Коҳиши чашмгири фоидаҳои "Газпром"


Ширкати давлатии “Газпром” мегӯяд, фоидаи молиаш дар ним соли гузашта бештар аз даҳуним миллиард доллар ё тақрибан 50 дар сад коҳиш ёфтааст. Бузургтарин ширкати фурӯшандаи газ дар ҷаҳон мегӯяд, хароҷоти молӣ ва фзоиши қимати газ аз ҷумла аз Осиёи Марказӣ сабаби коҳиши фоидаҳои “Газпром” шудааст. Ин ширкат, ки 65 дар сади гази содиротии Аврупоро таъмин мекунад, ҳамчунин бар асари коҳиши тақозои Аврупо ба газ ва бӯҳрони иқтисодӣ аз фоидаҳои пешинааш маҳрум шудааст.
XS
SM
MD
LG