Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили Олмон аз фурӯпошии Девори Берлин


Раҳбарони пешин ва ҳозираи кишварҳои ҷаҳон имрӯз ба даҳҳо ҳазор нафар дар Олмон пайвастанд, ки 20 –умин солгарди фурӯпошии девори Берлинро таҷлил мекунанд. Дар оғози маросими таҷлил раҳбарони Олмон дар як калисои Гетсиман дар Берлини Шарқӣ барои маросими ниёиш ҷамъ омаданд, ки маҳалли оғози раҳпаймоиҳои фаъолони мухолифин дар соли 1989 буд. Чанде баъдтар Ангела Меркел – садри аъзами Олмон, Гордон Бровн – нахуствазири Бритониё, Дмитрий Медведев – раиси ҷумҳури Русия, Николя Саркозӣ - раиси ҷумҳури Фаронса ва Ҳилларӣ Клинтон – вазири умури хориҷаи Амрикоро дар назди дарвозаи Бранденбург мизбонӣ намуд, ки Берлини Шарқиро аз Ғарбӣ ҷудо мекард. Михайил Горбачёв – раҳбари пешини шӯравии собиқ ва Лех Валеса – раиси ҷумҳури собиқи Лаҳистон, ки дар фурӯпошии Девори Берлин мусоидат кардаанд, дар ҳамоиш ширкат хоҳанд кард. Ҳилларӣ Клинтон – вазири умури хориҷаи Амрико ҳангоми суханронӣ дар канори Ангела Меркел гуфт: "Ман сарфарозам, ки дар ин рӯйдоди таърихӣ дар шаҳри Берлин ҳастам, дар шаҳре, ки на танҳо барои мардуми Олмон, балки барои мардуми Аврупо ва Амрико ва тамоми ҷаҳон бисёр аҳамият дорад. Ман Ангела Меркелро на танҳо барои баргузории бисёр хуби маросим, балки барои коре, ки ӯву ҳукуматаш мекунад, табрик мегӯям.“ Баъди тазоҳуроти тӯлонии тарафдорони демократия дар Олмон шаби 9 нобяри соли 1989 мақомоти Олмони Шарқӣ ба таври ногаҳонӣ марзи миёни Берлини Шарқиву Ғарбиро боз эълом карданд. Убури издиҳоми олмониҳои хушҳол аз болои девор ба Олмони Ғарбӣ, ба поёни Ҷанги Сард ва мухолифати Шарқу Ғарб мусоидат кард ва бо ба ҳам омадани ду Олмон ва фурӯпошии шӯравии собиқ анҷомид.
XS
SM
MD
LG