Пайвандҳои дастрасӣ

Талафоти нави нерӯҳои Амрико дар Ироқ


Артиши Амрико мегӯяд, бар асари суқути як чархболи он, ду халабони амрикоӣ дар шимоли Ироқ ҳалок шудаанд. Чархбол ҳангоми нишастан дар вилояти Салоҳҳидин, воқеъ дар шимоли Бағдод дучори садама шудааст. Артиши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамчунин эълом кард, ки як сарбози нерӯҳои баҳрӣ дар тасодуфе дар вилояти Анбор ҷароҳат бардошта ва ҳалок шудааст. Нерӯҳои Амрико мегӯянд, ки иллатҳои ҳарду қазияро таҳқиқ мекунанд. Аз замони оғози ҷанг дар Ироқ дар моҳи марти соли 2003, Амрико то кунун бештар аз 4 350 нафар сарбозашро талаф додааст.
XS
SM
MD
LG