Пайвандҳои дастрасӣ

Хашми Чин аз рафтори Далай Лама


Издиҳоми бузурги бештар аз 30 ҳазор нафарӣ барои шунидани суханронии Далай Лама – пешвори рӯҳонии тибетиён дар як майдоне дар наздики марзи Чин ҷамъ омаданд. Далай Лама бори аввал аст, ки баъди 50 соли фирораш аз зодгоҳаш Тибет ба иёлати Арунчал Прадеши Ҳинди ҳаммарз бо Чин сафар кардааст. Ҳукумати Чин, ки Арунчал Прадешро қаламрави худ медонад, сафари якҳафтаинаи Далай Лама ба ин минтақаро маҳкум намуда ва гуфтааст, ки пешвои рӯҳонии тибетиён мехоҳад, миёни Ҳинду Чин ҷанҷол барангезад. Далай Лама 74 – сола ва баррандаи Ҷоизаи Сулҳи Нобел мегӯяд, боздидаш аз ин минтақа орӣ аз ангезаҳои сиёсӣ аст.
XS
SM
MD
LG