Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бист сол пеш, рӯзи 9-уми ноябри соли 1989 Девори Берлин, ки дар байни бахшҳои шарқӣ ва ғарбии шаҳр бино шуда буд, бидуни хунрезӣ фурӯ афтод.

Cоли 1989-ро таърихнигорон ва коршиносон соли пурҷӯшу хурӯш ва сарнавиштсоз меноманд, ки тамоми ҷанбаъҳои сиёсати ҷаҳониро тағйир дод, оғози поёни коммунизм Дар Аврупо, Ҷанги Сард ва Иттиҳоди Шӯравӣ шуд.

Ду сол пеш аз худи ҳодиса, 12-уми июни соли 1987, президенти Иёлоти Муттаҳида, Роналд Рейган дар назди дарвозаи Бранденбурги Олмон истода, аз котиби генералӣ, Михаил Горбачев даъват кард, девореро, ки Шарқи шӯравиро аз Ғарби демократӣ ҷудо мекунад, ба хок яксон кунад.

"Котиби генералӣ, Горбачев, агар Шумо сулҳ мехоҳед, агар шукуфоии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Аврупои Шарқиро мехоҳед, агар озодӣ мехоҳед, назди ин дарвоза биёед. Ҷаноби Горбачев, дарвозаро кушоед. Ҷаноби Горбачев, ҷаноби Горбачев деворро фурӯ афтонед!"

Дар ҳамин моҳи июн буд, ки Горбачев бо талоши ҷон бахшидан ба Ҳизби коммунист барномаи ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодиро пешниҳод кард. Сарварони Аврупои Шарқӣ дарёфтанд, ки дигар барои саркӯб кардани мухолифони сиёсии хеш ба нерӯҳои шӯравӣ бастагӣ надоранд.

Бо нигоҳе ба он рӯйдодҳо пас аз 20 сол, Горбачев ба радиои Озодӣ мегӯяд, аз ҳеҷ тасмими худ ва раҳбарияти вақти Шӯравӣ пушаймон нест. Вай меафзояд, тасмими ӯ ба манфиати Русия, олмониҳо, Аврупо ва тамоми ҷаҳон буд: "Раҳбари собиқи Шӯравӣ мегӯяд, аз ӯ мепурсанд, чаро аз даст додӣ. Вай дар посух суол мегузорад, ки чиро додааст? Лаҳистонро ба лаҳҳо, Чехословакияро ба чехҳо ва словакҳо. Яъне ба худи соҳибонашон.Охир ин баракс сабукие барои Русия буд ва ончӣ барои русия нав анҷом дода шуд, набояд мавриди баҳс бошад."

Фурӯпошии деворе, ки тарафи ғарбии он бо ҳазорон шиору тасвир ва танзҳо мунаққаш буд, як ҳодисаи рамзӣ шумурда мешавад. Ин фурӯпошӣ бо фиғону фарёд ва чаккушзанию деворшиканиҳо ба вуқӯъ пайваст.

Ба думболи ин фурӯпошӣ ду Олмон дар як инқилоби осоишта ба ҳам пайвастанд, раҳбари Булғористон, Тодор Живков пас аз 35 соли сарварӣ ба истеъфо рафт, дар инқилоби махмалии Чехословакия собиқ маҳбуси сиёсх Вастлав Ҳавел ба қудрат расид ва шӯриш дар Руминия бо қатли беш аз ҳазор нафар, аз ҷумла диктатори ин кишвар Николае Чаушеску ва ҳамсари ӯ ба поён расид. Занҷираҳои рӯйдодҳо дар соли 1991 ба фурӯпошии Югославия ва Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сусилиёстӣ ва ҳамзамон нооромиҳо дар Балкану Осиёи Марказӣ ва Қафқоз сабаб гардид.

Аммо тавре ки журналисти машҳури амрикоӣ, барандаи Ҷоизаи Пулитсер, Рой Гутман, мегӯяд, таваҷҷӯҳи Ғарб ба Аврупо мутамарказ гашт. Осиё замоне ба ёди Ғарб мерасад, ки ҳамлаҳои 11 сентябри соли 2001 бори дигар ҷаҳонро тағйир медиҳанд ва Афғонистон дар маркази диққар қарор мегирад.

Гутман бар ин аст, ки ҷаҳон дар ғавғои фурӯпошии Девори Берлин ҷӯшиши бӯҳрони дигарро нашунид ва дар ҳоле ки аз нақзи ҳуқуқи инсон дар Аврупои Шарқӣ ва Русия садо баланд мекард, айни мукшил дар шакли қабеҳтараш дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон ба чашмонаш наменамуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG