Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ғалабаи «Энергетик» бар «Регар» ТадАЗ


Суҳроб Ҳамидов, бозигари дастаи «Энергетик»-и Душанбе (аз тарафи рост)

Суҳроб Ҳамидов, бозигари дастаи «Энергетик»-и Душанбе (аз тарафи рост)

Дастаи «Энергетик»-и Душанбе дар бозии мавқуфмондаи даври 17-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон бар тими меҳмон - «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода - бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд.

Ин бозӣ 8-уми ноябр дар варзишгоҳи «Спартак»-и пойтахти кишвар барпо гашт. Шодибек Ғаффоров ду гол (дақиқаҳои 6-ум ва 26-ум) ва Сӯҳроб Ҳамидов як гол ба самар расонданд. Ду голи меҳмононро Давронҷон Тухтасунов (48-ум) ва Иброҳим Рабимов (60-ум) заданд.

Ғалаба бар дастаи «Регар» ТадАЗ ба «Энергетик» имкон дод, ки дар байни панҷ дастаи беҳтарини лигаи олӣ ҷойгир шавад. Вале бо вуҷуди бохт дар бозии охирини худ мавқеи «Регар» ТадАЗ дар ҷадвали мусобиқа тағйир наёфт. Футболбозони шаҳри Турсунзода, ки бо 41 имтиёз ҷои дуввумро касб карданд, бо медалҳои нуқра сарфароз хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо 46 имтиёз соҳиби медалҳои тилло ва унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар соли 2009 гардид. Дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд, ки бо 40 имтиёз ҷои севумро азони худ кард, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида мешавад.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ бо бозии мавқуфмондаи даври 18-ум байни тими мизбон - «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Энергетик»-и Душанбе, ки 14-уми ноябр дар варзишгоҳи «Фурудгоҳ» баргузор хоҳад шуд, ба анҷом мерасад. Вале натиҷаи ин бозӣ мавқеи дастаҳоро дар ҷадвали мусобиқа тағйир нахоҳад дод.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Вахш»

18

15

1

2

44-15

46

2.

«Регар» ТадАЗ

18

13

2

3

47-14

41

3.

«Хуҷанд»

18

13

1

4

36-15

40

4.

«Истиқлол»

18

11

3

4

41-18

36

5.

«Энергетик»

17

9

2

6

40-26

29

6.

«Парвоз»

17

7

4

6

27-21

25

7.

«Равшан»

18

5

2

11

25-45

17

8.

СCКА «Помир»

18

2

2

14

16-42

8

9.

«Гвардия»

18

2

2

14

10-55

8

10.

«Спитамен»

18

1

3

14

9-44

6


Беҳтарин голзанҳо: Нӯъмон Ҳакимов («Вахш») – 15 гол, Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 14 гол, Сӯҳроб Ҳамидов («Энергетик») - 13 гол.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG