Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Соати 6:35 дақиқаи субҳи рӯзи душанбе, 9-уми ноябр ба иллати аз кор мондани нерӯгоҳҳо тамоми Тоҷикистон барои чанд соат аз барқ маҳрум гашт.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, бар асари садама дар хатти интиқоли баландшиддати барқи «Норак-Регар» ҳамаи нерӯгоҳҳои барқи кишвар корро қатъ карданд.

Дар ин бора ширкати «Барқи тоҷик» иттилоъ дод. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» гуфт, бо омадани сардиҳо истифодаи нерӯи барқ дар кишвар якбора афзоиш ёфтааст, ки боиси садама дар хатти интиқоли барқ шудааст.

Ба гуфтаи оқои Ёдгорӣ, сабаби дигари садама ин аст, ки «тайи якчанд рӯзи ахир шабакаҳои энержии Тоҷикистон берун аз системаи умумии шабакаҳои Осиёи Марказӣ кор мекунанд».

Ҳодисаи мазкур соати 6-у 35 дақиқаи субҳи имрӯз рух дод ва ҳудуди 3 соат пойтахти кишвар бебарқ монд. Ҳамзамон бо набуди барқ дар аксари маҳаллаҳои пойтахт об қатъ шудааст. Дар аввали рӯз ба хотири равшанӣ андохтан ба вазъи шаҳри Душанбе ширкати "Барқи тоҷик" ва Вазорати энержӣ ҷаласаҳои изтирорӣ баргузор кардаанд.

Субҳи имрӯз ҷароғакҳои роҳҳои мошингарди Душанбе низ хомуш буданд ва барои ҷилавгирӣ аз садамаҳо кормандони пулис дар ҷорроҳаҳо худравҳоро роҳнамоӣ мекарданд.

Дар ҳоли ҳозир мутахассисони ширкати "Барқи тоҷик" барои бартарафсозии пайомадҳои садама тадбир меҷӯянд. То кунун барқ ба бархе аз маҳаллаҳои пойтахт дода шудааст.

Ин дар ҳолест, ки дар навоҳии Тоҷикистон ҳудуди як моҳ мешавад, ки режими интиқоли барқ ҷорӣ шудааст, агарчи мақомоти кишвар ба фарқ аз солҳои қаблӣ расман дар ин маврид эълон накардаанд. Дар аксари деҳот нерӯи барқ танҳо чор соатӣ дар шабонарӯз – ду соат барои субҳ ва ду соат барои шом – дода мешавад.

Қаблан ширкати «Барқи тоҷик» ҷоришавии бидуни эълони режими барқро ба далели набуди созишномаи Тоҷикистону Узбакистон бар сари транзити барқи Туркманистон рабт дод.

Тибқи иттилои мақомоти расмӣ, ҷониби Узбакистон бо истинод ба корҳои таъмиру бозсозӣ системаи шабакаи барқи ҷануби худро, ки бо Тоҷикистон васл аст, аз системаи воҳиди энержии Осиёи Марказӣ ҷудо кардааст, ки транзити барқи Туркманистон тавассути ин кишвар ба Тоҷикистонро ғайриимкон гардондааст.

Тоҷикистон тайи солҳои ахир дар ҳар фасли сармо ба мушкили камбуди нерӯи барқ рӯбарӯ мешавад ва ба ҷуз аз пойтахт дар саросари ин кишвар режими барқ ҷорӣ мегардад. Вале нахустин бор аст, ки шаҳри Душанбе бар асари садамаи хатти интиқоли барқ комилан бебарқ мемонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG