Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Умар ал Башир дар нишасти Истанбул ширкат намекунад


Туркия мегӯяд, ки Умар ал Башир-раиси ҷумҳури Судон дар нишасти Созмони Конфронси Исломӣ дар Истанбул ширкат нахоҳад кард. Умар ал Башир нахустин раиси ҷумҳурест, ки барои ҷиноятҳои зиддибашариаш дар Дарфур Додгоҳи Байналмиллалии ҷурму ҷиноёт вайро ҷинояткори байналмллалӣ эълон ва барои боздошти вай дастур содир кардааст. Умар ал Башир қаблан эълон карда буд, ки рӯзи душанбе дар нишасти Созмони Конфронси Исломӣ дар Истанбул ширкат хоҳад кард. Дар ин нишаст имрӯз раҳбарони кишварҳои мусулмоннишин масоили иқтисодӣ ва тадобири марбут ба мубориза бар зидди фақр дар кишварҳои узвро баррасӣ мекунанд. Яке дигар аз ширкаткунандагони нишасти Истанбул Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон аст, ки бар ин нишаст соя афкандааст. Қаблан Реҷеп тайип Эрдуғон-нахуствазири Туркия эълон кард, ки аз ширкати Умар ал Башир дар нишасти раҳбарони 57 кишвари узви ин созмони исломӣ истиқбол хоҳад кард. Эрдуғон ҳамчунин иттиҳомоти зидди Умар ал Баширро мабнӣ бар куштор, таҷовуз ба номус ва рондани дастаҷамъонаи африқоиҳои сокини Дарфурро нодида гирифт. Баъдтар ҳукумати Туркия иттилоъ дод, ки Умар ал Башир дар нишасти Созмони Конфронси Исломӣ дар Истанбул ширкат нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG