Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон хостори мубориза бо тундгароии мазҳабӣ шуд


Хонум Ҳилларӣ Клинтон-вазири умури хориҷаи Амрико бо истифода аз 20-ӯмин солгарди суқути Девори Брлин бори дигар аз амрикоиҳову аврупоиҳо даъват кард, ки бар зидди тундгароии мазҳабӣ ва соири хатарҳои сартосарӣ тадобири зарурӣ андешанд. Хонум Клинтон рӯзи якшанбе ҳангоме, ки дар Берлин дар маросиме сӯҳбат мекард, изҳор дошт, ки кишварҳои ғарбӣ наметавонанд ҷабру зулми мазҳабе ё қабилаеро, ки ҷойгузини идеологияи кумунистӣ бошад, таҳаммул кунанд.
XS
SM
MD
LG