Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз ҷашни 20-солагии суқути Девори Берлин аст


Интизор меравад, ки имрӯз раҳбарони собиқ ва кунунии ҷаҳон барои таҷлил аз 20-ӯмин солгарди суқути Девори Берлин ба мардуми Олмон бипайванданд. Шабонгоҳи 9-ӯми ноябри соли 1989, 20 соли пеш раҳбарони Олмони кумунистӣ марзи миёни Олмони Шарқиву Ғарбиро боз карданд ва мавҷи инқилоб ба зудӣ ба қисмати шарқӣ роҳ ёфт. Ин кор баъд аз ҳафтаҳо тазоҳуроти эътирозии ҷонибдорони демократия сурат гирифт. Интизор меравад, ки дар маросими имрӯз дар назди дарвозаҳои Бранденбург Михоил Горбачёв-охирин раиси ҷумҳури Шӯравии пешин, Лех Валенса-раҳбари зидди кумунистии Полша, раҳбарони дигари даврони суқути девор ва раҳбарони кунунии Британияву Фаронса, Русия ва вазири хориҷаи Амрико дар ин маросим ширкат кунанд. Мизбонии маросимро Ангела Меркел-нахуствазири Олмон бар ӯҳда хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG