Пайвандҳои дастрасӣ

Хотироти ширини Путин аз солҳои хидматаш дар КГБ


Сарвазири Русия Владимир Путин, ки дар аҳди Шӯравӣ ба ҳайси маъмури КГБ дар Дрезден адои хидмат мекард, гуфт, ки ӯ Олмони шарқии собиқро ба ширинӣ ёд мекунад.
Дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии НТВ, Путин гуфт, ки ӯ дар бораи солҳои 1985-1990, ки дар Дрезден ба сар мебурд, хотироти хубе дорад. Аммо Путин ҳамзамон аз равобит бо Олмони баҳамомада низ истиқбол кард ва гуфт, ин равобит аз он хотироти ширин хеле болотар меистад. Сӯҳбатҳои Путин дар навори мустанаде ба муносибати солгарди 20-уми фурӯпошии Девори Берлин мунташир шуд.
XS
SM
MD
LG