Пайвандҳои дастрасӣ

Воеводина аз Сербистон мухторияти бештар мехоҳад


Вилояти Воеводинаи Сербистон имрӯз барномаеро тасвиб кард, ки ба ин вилоят мухторияти бештар медиҳад. Ин тасмим интиқоди гурӯҳҳои қавмгароро барангехт, ки мегӯянд, Воеводина низ метавонад баъдан роҳи Косоворо дунбол карда, талаби истиқлолият кунад. Бино ба хабари Франс Пресс, ҳудуди 70 дарсади вакилони парлумони Воеводина, вилояте дар шимоли Сербистон, барномаи давлатиеро, ки ба он ҳаққи имзои қарордод бо манотиқи дигар, вале на бо давлатҳои дигарро медиҳад, тасвиб карданд. Воеводина бо Маҷористон ҳаммарз буда, дар он намояндагони 25 ақаллияти қавмӣ ба сар мебарад, вале бахши аъзами ҷамъияташро сербҳо ташкил медиҳанд. Барномаи мухторияти Воеводина бояд аз ҷониби парлумони Сербистон низ тасвиб шавад, то ба ҳукми иҷро дарояд. Вале мунтақидон исрор меварзанд, ки ин барнома табиатан ҷудоиталабона ва зидди Қонуни асосӣ буда, ба Воеводина имкон медиҳад, ба давлат дар дохили давлат табдил биёбад.
XS
SM
MD
LG