Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико нигарони бархӯрдҳои зидди мусалмонҳост


Вазири амнияти дохилии Амрико Ҷанет Наполитано гуфт, ки дар пайи тирандозии хунини ахир дар пойгоҳи низомии Форт Ҳуд ӯ бар сари роҳҳои ҷилавгирӣ аз мавҷи эҳтимолии бархӯрдҳои зидди мусалмонон кор мекунад. Рӯзи 5 ноябр майор Нидал Малик Ҳасан дар ин пойгоҳи мустақар дар аёлати Техас 13 нафарро қатл ва беш аз 30 тани дигарро маҷрӯҳ кард. Хонум Наполитано гуфт, идораи ӯ ҳамроҳ бо гурӯҳҳои дигар дар саросари кишвар талош доранд, аз ҳар навъ зуҳури бархӯрди манфӣ алайҳи мусалмонони амрикоӣ ҷилавгирӣ кунанд. Малик Ҳасан мусалмон буда, дар артиши Амрико ба ҳайси равоншинос адои хидмат мекард. Далели даст ба истифодаи силоҳ ва куштори мардум задани ӯ то ҳол рӯшан нест, вале бино ба хабарҳо, Малик Ҳасан дар бораи ҷангҳои Ироқу Афғонистон бо нигаронии афзоянда изҳори назар мекард.
XS
SM
MD
LG