Пайвандҳои дастрасӣ

Чин ба Африқо 10 миллиард доллар қарз ваъда дод


Сарвазири Чин Вен Ҷибао имрӯз дар анҷумани ҳамкориҳои Чину Африқо дар Шармулшайхи Миср ба кишварҳои ин қора дар зарфи 3 соли оянда 10 миллиард доллар ваъдаи қарз дод ва гуфт, Чин дӯсти асили мардуми Африқост. Вен Ҷибао гуфт, ин маболиғ ба кишварҳои Африқо имкон медиҳанд, низоми молии худро бунёд гузоранд. Вен Ҷибао ин иддаоро, ки Чин танҳо ба хотири таъмини дастрасиаш ба нафти Африқо ва дигар маъодини лозим барои иқтисоди дар ҳоли рушдаш равобитро бо кишварҳои ин қора густариш медиҳад, радд кард.
Мунтақидон Пекинро айбдор мекунанд, ки ба хотири дастрасӣ ба сарватҳои табиии Африқо аз давлатҳои поймолкунандаи ҳуқуқи башар низ пуштибонӣ мекунад.
Сармоягузории мустақими Чин ба кишварҳои Африқо соли гузашта 7,8 миллиард долларро ташкил дода, тиҷораташ бо ин қора аз оғози даҳсола 10 маротиба афзудааст.
XS
SM
MD
LG