Пайвандҳои дастрасӣ

Шиноӣ шудани киштии "USS New York"


Артиши дарёии Амрико расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани киштии ҷангиеро эълон кард, ки аз фӯлоди аз зери овори Маркази ҷаҳонии тиҷорат ҷамъоваришуда сохта шудааст. Ду осмонбӯси ин Марказ бар асари ҳамлаҳои террористии рӯзи 11 сентябри соли 2001 тахриб шуд.
Аз зери овори ин ду бино ҳудуди 7,5 тонна фӯлод ҷамъоварӣ шуд, ки баъдан дар сохтани киштии "USS New York" истифода шуд. Ин киштӣ, ки ҳазинаи сохтанаш 1 миллиард доллар баровард шудааст, рӯзи шанбе бо иҷрои маросиме дар рӯди Ҳудзони Ню-Йорк ба шино шурӯъ кард. Дар ин маросим вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон низ ширкат дошт.
XS
SM
MD
LG