Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин ба Африқо дида таваҷҷӯҳ дӯхтааст


Сарвазири Чин Вен Ҷибао имрӯз бо сарони кишварҳои Африқо роҳҳои сармоягузории Пекин ба ин қораро баҳс мекунад. Вен Ҷибао дар арафаи ҳамоиши ҳамкориҳои Чину Африқо дар Шармулшайхи Миср ин иддаоро, ки Чин танҳо ба хотири таъмини дастрасиаш ба нафти Африқо ва дигар маъодини лозим барои иқтисоди дар ҳоли рушдаш равобитро бо кишварҳои ин қора густариш медиҳад, радд кард. Сарвазири Чин рӯзи шанбе гуфт, Пекин ҳамчунин ба рушди фанновариву зербино ва захоири инсонӣ дар кишварҳои фақрзадаи Африқо манфиатдор аст.
Мунтақидон Пекинро айбдор мекунанд, ки ба хотири дастрасӣ ба сарватҳои табиии Африқо аз давлатҳои поймолкунандаи ҳуқуқи башар низ пуштибонӣ мекунад.
Сармоягузории мустақими Чин ба кишварҳои Африқо соли гузашта 7,8 миллиард долларро ташкил дода, тиҷораташ бо ин қора аз ибтидои ин даҳсола 10 маротиба афзудааст.
XS
SM
MD
LG