Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари Далай Лама ба як рустои баҳсӣ


Ҳазорон роҳиби буддоӣ ва пайравони ин мазҳаб имрӯз дар як рустои Ҳинд, воқеъ дар минтақаи баҳсии марзи миёни Ҳинду Чин, раҳбари рӯҳонии Тибет Далай Ламаро истиқбол карданд.
Пекин сафари Далай Лама ба рустои Тавангро нақзи якпорчаии Чин номида, ба интиқод кашид. Пекин ин сафарро ҷузъе аз нақшаҳои Далай Лама бо ҳадафи хароб кардани равобити Чин бо Ҳинд хондааст. Раҳбари тибетиҳо дар ғурбат аммо гуфтааст, сафари якҳафтаинаи ӯ ба ин минтақа, ки бо Тибет равобити қавӣ дорад, танҳо ба хотири маъвизаҳои динист.
XS
SM
MD
LG