Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари Судон ба нишасти Истамбул хоҳад омад


Мақомоти Туркия мегӯянд, ҷиҳати боздошт ваё ҷилавгирии раисиҷумҳури Судон Умар Ҳасан ал-Башир аз ширкат дар нишасти сарони Созмони Конфаронси кишварҳои исломӣ дар Истамбул иқдоме нахоҳад кард. Додгоҳи байналмилалӣ Баширро ба даст доштан дар ҷиноёти ҷанг дар вилояти Дарфур муттаҳам ва дастури боздошти ӯро содир кардааст.
Аммо мақомоти Туркия дархости ИА ҷиҳати бознигарии тасмими ироаи иҷозати сафар ба раҳбари Судонро радд карда, гуфтаанд, ки Баширро ба ин нишаст Созмони Конфаронси кишварҳои исломӣ даъват кардааст, на Туркия.
Нишасти сарони Созмони Конфаронси кишварҳои исломӣ рӯзи душанбе рӯи мавзӯъҳои иқтисодӣ, аз ҷумла рушди тиҷорат ва барномаҳои мубориза бо фақр тамаркуз хоҳад кард. Ин созмон 57 кишвари мусалмониро муттаҳид мекунад.
XS
SM
MD
LG