Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвози зоирини тоҷик ба Саудия ба таъхир уфтод


Парвози нахустин гурӯҳи зоирини тоҷик ба Арабистони Саудӣ, ки бояд рӯзи 7 ноябр сурат мегирифт, ба таъхир уфтодааст. Мақомоти ширкати “ТоҷикЭйр”, ки масъулияти то 19 ноябр анҷом додани интиқоли беш аз 5000 зоири тоҷик аз Тоҷикистон ба Саудияро бар ӯҳда дошт, то ҳол сабаби таъхир дар амри интиқоли довталабони сафари Ҳаҷро шарҳ надодаанд.
Масъулони таҳияи сафари Ҳаҷ дар идораи дини вазорати фарҳанг мегӯянд, онҳо низ иллати анҷом нашудани нахустин парвози зоирин ба Саудияро намедонанд.
Рӯзи якшанбе як гурӯҳи довталабони зиёрати Маккаву Мадина дар сохтмони Маркази исломшиносӣ, қозиёти собиқ, гирди ҳам омада, аз мақомот ташреҳи вазъро тақозо карданд.
XS
SM
MD
LG