Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар лӯлаи гази Разделная-Исмоил дар Молдова


Имрӯз дар яке аз бузургтарин лӯлаҳои газе, ки гази Русияро тавассути Молдова ба нимқораи Балкан мебарад, инфиҷор ба вуқӯъ пайваст. Хабаргузории русии ИТАР-ТАСС аз қавли мақомоти изтирории Молдова навишт, таркиш дар лӯлаи гази Разделная-Исмоил субҳи содиқи якшанбе дар шарқи Молдова, дар наздикии марз бо Украина рух дода, мунҷар ба қатъ шудани ҳамлу нақли газ тавассути ин лӯла шудааст.
Раҳбари ширкати “МолдоваГаз” Александр Гусев аммо гуфт, ин садама боиси эҷоди халал дар амри интиқоли газ ба кишварҳои Балкан нахоҳад шуд, балки интиқоли газ ба ин кишварҳо тавассути масирҳои дигар идома дода мешавад.
Гусев гуфт, як ҳайъат ба таҳқиқи қазия пардохтааст, вале ғолибан иллати садама фарсуда шудани таҷҳизоти фаннист. Ӯ афзуда, ки тармими лӯла то чанд рӯзи дигар анҷом хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG