Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи нави маргталабона дар Пешовари Покистон


Бино ба хабарҳо, бар асари таркиши эҳтимолан маргталабонаи бомб дар бозоре дар шаҳри Пешовар, воқеъ дар шимолуғарби Покистон, то 10 нафар ба ҳалокат расиданд.
Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс навишт, ки ин ҳамла зоҳиран Абдулмалик, раҳбари минтақаи Одозиро ба ҳадаф дошт. Абдулмалик бар асари ин ҳамла захмҳои маргбор бардоштааст.
Тайи ҳафтаҳои охир, ки нирӯҳои Покистон як амалиёти густурдаро алайҳи ҷангиёни толиб ва Ал-Қоида дар устони бо Афғонистон ҳаммарзи Вазиристони ҷанубӣ оғоз карданд, дар натиҷаи як силсила ҳамалоти ҷангиён дар Покистон беш аз 300 тан аз афроди ғайринизомӣ ва нирӯҳои амниятӣ кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG