Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Перес аз Аббос хост, дар мақомаш бимонад


Раисиҷумҳури Исроил Шимон Перес аз раҳбари фаластиниҳо Маҳмуд Аббос даъват кард, тасмими истеъфояшро пас гирифта, ба хотири идомаи раванди сулҳ бо Исроил дар мақоми раҳбари ташкилоти худгардон бимонад. Перес дар маросими гиромидошти солгарди 14-уми бо дасти як тундрави яҳудӣ қатл шудани сарвазири собиқи Исроил Исҳоқ Рабин дар Тел-Авив гуфт, ҳамроҳ бо Рабин ӯву Маҳмуд Аббос низ аз ҷумлаи онҳоеянд, ки соли 1993 зери созишномаи сулҳи Осло имзо гузоштаанд. Ин созишнома ба фаластиниҳо мухторият дод.
Аббос рӯзи панҷшанбе эълон кард, ки ба далели вориди бунбаст шударни раванди сулҳ бо Исроил номзадиаш ба мақоми раҳбари ташкилоти худгардони Фаластинро дар интихоботи моҳи феврал нахоҳад гузошт.
XS
SM
MD
LG