Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи ҳамлаи ҳавоии пурқурбонии НАТО дар Бодғис


Мақомоти Амрикову Афғонистон ҷузъиёти ҳамлаи ҳавоии рӯзи ҷумъаи нирӯҳои НАТО дар вилояти Бодғисро, ки Кобул мегӯяд, мунҷар ба ҳалокати сарбозон ва маъмурони пулиси афғон шудааст, таҳқиқ мекунад. Ин ҳодиса дар ҷараёни амалиёти ҷустуҷӯи ду сарбози амрикоӣ, ки рӯзи чоршанбе зимни як маъмурияти таъминотӣ нопадид шуданд, рух дод.
Мақомот мегӯянд, рӯзи ҷумъа дар ҷараёни задухӯрд бо ҷангиёни толиб дар вилояти ғарбии Бодғис бар асари ҳамлаи ҳавоии НАТО 8 афғон , бо шумули 4 сарбоз, 3 маъмури пулис ва як тарҷумон, кушта шуданд. Рӯзи ҷумъа ҳамин тавр 17 тани дигар аз нирӯҳои афғонӣ, 5 сарбози амрикоӣ ва боз як тарҷумони афғон ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG