Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Конгресси ИМА тарҳи ислоҳоти Обамаро тасвиб кард


Маҷлиси намояндагони Конгресси Амрико тарҳи ислоҳоти президент Барак Обама дар бахши тандурустии ин кишварро ба тасвиб расонд.

Қабули ин тарҳ пирӯзии сиёсии муҳим барои Барак Обама унвон мешавад, ки қасд дорад бо ислоҳи сохтори соҳаи тандурустӣ дар Амрико бимаҳои табобатро барои тамоми шаҳрвандони ин кишвар дастрас гардонад.

Тибқи омори расмӣ, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 70 миллион аҳолии ИМА аз бима барои табобат маҳруманд ва ё бо қисман аз он бархурдоранд.

Ислоҳи бахши тандурустӣ, ки яке аз авлавиятҳои барномаи ҳукумати Барак Обама маҳсуб мешавад, бо мухолифатҳои шадиди намояндагони Ҳизби ҷумҳурихоҳон ва иддае аз мардуми ин кишвар рӯбарӯ шудааст.

Мухолифони Барак Обама мегӯянд, барои роҳандозии ин тарҳ давлати Амрикоро мебояд як триллион доллар аз буҷа масраф кунад, ки хеле гарон аст ва аз сӯи дигар ин тасмим дахолати давлатро дар бахши тандурустӣ афзоиш хоҳад дод.

Тибқи ин барномаи ислоҳотӣ, ҳар як амрикоӣ новобаста аз навъи беморӣ ва дороии худ метавонад аз хидматхои ройгони бемористонҳо истифода кунад, ки хоси кишварҳои сотсиалистӣ мебошад. Аз ин рӯ мухолифони Обама ӯро ба талош барои пиёда кардани системи сотсиалистии сохтори тандурустӣ дар Амрико муттаҳам кардаанд.

Вале Барак Обама тарҳи ислоҳоти бахши тандурустиро «фурсати истисноии таърихӣ» барои Амрико меномад ва қабули онро барои ҷомеаи ин кишвар хеле муҳим арзёбӣ мекунад.

Амрико яке аз кишварҳои дорои соҳаи пешрафтаи тиб мебошад. Ҳарсола барои бахши тандурустии ИМА ҳудуди 2,2 триллион доллар ҷудо мешавад, ки 16 дарсади буҷаи ин кишварро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG