Пайвандҳои дастрасӣ

Зуком дар Украина ҷони 135 нафарро гирифтааст


Вазорати беҳдошти Украина мегӯяд, шумори фавтидагон бар асари маризии зуком дар ин кишвар ба 135 нафар расидааст. Ин эълон дар ҳолест, ки Киев ба хотири муқобила бо эпидемияи ин беморӣ аз Аврупо бастаи нави кӯмакҳои тиббиро дарёфт кард. Мақомот мегӯянд, аз поёни моҳи октябр ба ин сӯ зуком ва амрози дигари сироятии роҳҳои нафасгирӣ дар Украина дар маҷмӯъ беш аз 870 000 нафарро аз пой афтондааст. Аз ин шумор қариб 40 000 нафар дар бемористон таҳти табобат қарор доранд.
Тахмин мезананд, ки 14 тан аз фавтидагон эҳтимолан аз вируси зукоми хук даргузаштаанд, вале ин иддао ҳанӯз расман собит нашудааст. Словакия эълон кард, ки ба истиснои як роҳи заминӣ боқии марзаш бо Украинаро ба иллати зуком мебандад.
XS
SM
MD
LG