Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоии эътирозӣ дар пойтахти Гурҷистон


Чандсад нафар рӯзи 7 ноябр дар Тифлис ба хотири таҷлил аз солгарди дуввуми саркӯб шудани тазоҳуроти мухолифин даст ба намоиши эътирозӣ заданд. Ҳудуди 500 эътирозгар дар рӯбарӯи мақари телевизиони мардумии Гурҷистон гирди ҳам омада, раҳпаймоии худ ба самти маркази Тифлисро аз ҳамин минтақа оғоз карданд. Мухолифини гурҷӣ матбуоти маҳаллиро ба таври мукаррар дар пешбурди хаттимашши рӯ ба давлат айбдор мекунад. Пулис дар соли 2007 ба хотири пароканда кардани тазоҳуроти эътирозие, ки тайи чандин рӯз истеъфои раисиҷумҳур Михаил Саакашвилиро талаб мекард, аз гази ашковар, оби сард ва тирҳои пластикӣ истифода бурда буд.
XS
SM
MD
LG