Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷлил аз солгарди инқилоби Октябр дар Русия


Даҳҳо ҳазор аз аъзо ва тарафдорони Ҳизби коммунист рӯзи 7 ноябр дар Русия солгарди навбатии инқилоби октябри соли 1917-ро таҷлил карданд. Чанд ҳазор нафар дар Маскав парчамҳои сурхи мунаққаш бо досу болға дар даст тавассути кӯчаи Тверская ба сӯи ҳайкали Карл Маркс дар наздикии Болшой Театр сарозер шуданд. Хабаргузории Интерфакс мегӯянд, раҳбари ҳизби чапгарои Ҷабҳаи чап Сергей Удалтсов ва ҳудуди 20 тан аз фаъолони ин гурӯҳ баъди гирдиҳамоӣ боздошт шуданд, вале зоҳиран раҳпаймоиҳои рӯзи 7 ноябр бо вуҷуди ҳузури нирӯҳои зиёди пулис ба оромӣ сипарӣ шудааст.
Инқилоби Октябр дар 72 соли пеш ҳукумати муваққати баъд аз истеъфои подшоҳи Русия рӯи кор омадаро барканор кард ва давлати шӯравӣ ба раҳбарии Владимир Илич Ленинро ба чавкии қудрат нишонд. Давлати Шӯравӣ соли 1991 пош хӯрд.
XS
SM
MD
LG