Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон рӯи интихобҳои дигар ҳам фикр мекунад


Узви аршади парлумони Эрон гуфт, Теҳрон ба ҷуз аз пешниҳоди СММ дар мавриди ба хориҷ фиристодани бахше аз ураниуми андак ғанишудааш рӯи интихобҳои дигар низ фикр мекунад. Аловуддин Боруҷирдӣ, раҳбари кумитаи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Эрон, гуфт, “мо намехоҳем ба хотири дарёфти маводи сӯхти 20 дарсад ғанишуда 1200 кило ураниуми ғанишуда бидиҳем.” Ин дар ҳолест, ки Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ ҳанӯз мунтазири посухи расмии Теҳрон ба пешниҳоди ин ниҳоди вобаста ба СММ нишастааст. Тибқи тарҳи пешниҳодшуда, Эрон бояд бахши аъзами урануми ғайнишудаашро ба хотири ғанисозии бештар ба кишвари дигар бифиристад.
XS
SM
MD
LG