Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати 7 афғон дар ҳамлаи ҳавоии НАТО


Вазорати дифоъи Афғонистон мегӯяд, рӯзи ҷумъа бар асари ҳамлаи ҳавоии нирӯҳои НАТО 7 сарбози амниятии афғон кушта шуданд. Вазорат мегӯяд, дар натиҷаи ин ҳамла “нирӯҳои хориҷӣ низ талафот дидаанд” ва феълан таҳқиқи қазия идома дорад. Ин хабар дар ҳоле нашр шуд, ки НАТО мегӯяд, қазияи рӯзи ҷумъа дар вилояти Бодғисро, ки дар натиҷаи он 25 тан аз нирӯҳои байналмилалӣ ва Афғонистон ҷароҳат бардоштанд, таҳқиқ мекунад. Ин нирӯҳо ду сарбози шибҳанизомии амрикоиро, ки рӯзи чоршанбе зимни як маъмурияти таъминотӣ ғайб заданд, ҷустуҷӯ мекарданд.
XS
SM
MD
LG