Пайвандҳои дастрасӣ

Пулис боздошти 109 эътирозгарро тасдиқ кард


Раҳбари пулиси Теҳрон гуфт, нирӯҳои пулис дар ҷараёни эътирозҳои рӯзи чоршанбеи мухолифин 109 нафарро боздошт карданд. Он эътирозҳо дар ҳошияи раҳпаймоии расмии бахшида ба солгарди 30-юми ғасби бинои сафорати Амрико дар Теҳрон баргузор шуд. Генерал Азизуллоҳ Раҷабзода гуфт, 62 нафар ҳамчунон дар боздошт қарор дошта, аммо 47 нафарро дар баҳои пули гарав раҳо кардаанд. Пулис рӯзи чоршанбе ба хотири пароканда кардани мухолифин дар Теҳрон аз гази ашковар истифода бурд. Мухолифин аз моҳи июн ба ин сӯ ба нишони эътироз ба интихоби дубораи Маҳмуди Аҳмадинажод ба мақоми раёсатҷумҳурӣ ҳар сари чанд вақт ташкили намоишҳои эътирозӣ мекунанд. Ба бовари мухолифин, пирӯзии Аҳмадинажод дар интихоботи 12 июн бо тақаллуб ба даст омадааст.
XS
SM
MD
LG