Пайвандҳои дастрасӣ

Бекорӣ боло рафт, нархи нафт коҳиш ёфт


Нашри омори давлати Амрико дар бораи ба андозаи дар 26 соли охир бесобиқа баланд рафтани мизони бекорӣ дар ин кишвар наздики 3 дарсад коҳиш ёфтани қимати нафтро дар пай овард. Бино ба омори вазорати шуғли Амрико, мизони бекорӣ дар бузургтарин иқтисоди дунё дар моҳи октябр ба далели ихтисор шудани қариб 190 000 ҷойи кор аз марзи 10 дарсад гузашт. Қимати бушкаи нафти хом дар бозори Ню-Йорк рӯзи ҷумъа 2 доллару 19 сент коҳиш ёфта, ба 77,43 доллар расид.
Таҳлилгарон мегӯянд, мизони бекорӣ то кадом андоза собит будани эҳёи иқтисоди Амрикоро зери суол мебарад.
XS
SM
MD
LG