Пайвандҳои дастрасӣ

Шабехуни ҷангиёни толиб дар Тораварӣ


Ҷангиёни толиб дар натиҷаи шабехун ба як посгоҳ дар шимолуғарби Покистон 3 сарбози артиши он кишварро ба ҳалокат расонданд. Мақомот мегӯянд, ин ҳамла шоми ҷумъа дар минтақаи Тораварии ноҳияи Ҳангу иттифоқ уфтодааст. Ин дар ҳолест, ки низомиёни Покистон амалиёти густурда алайҳи ҷангиёни Таҳрики Толибонро дар устони Вазиристони ҷанубӣ, дар наздикии марз бо Афғонистон, идома медиҳанд. Ин амалиёт феълан вориди ҳафтаи чорумаш шудааст.
XS
SM
MD
LG