Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳқиқи ҳамлаи хунини Форт Ҳуд идома дорад


Мақомоти Амрико заминаҳои даст ба тирандозии хунин задани равоншиноси артиши Амрико дар пойгоҳи Форт Ҳуд дар аёлати Техасро таҳқиқ мекунанд. Рӯзи панҷшанбе дар ин пойгоҳ бар асари тирандозии майор Нидал Малик Ҳасани 39-сола, ки дар Амрико дар хонаводаи муҳоҷирони фаластинӣ ба дунё омадааст, дастикам 13 нафар кушта ва беш аз 30 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Мақомот мегӯянд, Малик Ҳасан, ки як афсари пулис 4 тираш зад, ҳамчунон дар ҳоли мадҳушист, вале вазъаш мӯътадил арзёбӣ мешавад. Мақомоти артиши Амрико мегӯянд, Малик Ҳасан, ки чандин сол ба сарбозони аз ҷангҳои Ироқу Афғонистон баргашта кӯмаки равоншиносӣ мерасонд, бояд акнун ба хотири ироаи чунин кӯмакҳо ба Афғонистон эъзом мешуд.
Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама алайҳи ҳар навъ пешқазоват дар мавриди ин ҳамла ҳушдор дод ва гуфт, ҳақиқати ҳол ҳанӯз рӯшан нашудааст.
XS
SM
MD
LG