Пайвандҳои дастрасӣ

Суқути ҷангандаи Русия дар гулӯгоҳи Тотор


Суқути ҳавопаймои низомӣ дар ҷараёни машқҳои низомӣ дар Шарқи дур мунҷар ба беномунишоншудан ва ғолибан ҳалокати ҳамаи 11 сарнишини ин ҳавопаймо шуд.
Вазорати дифоъи Русия гуфт, ҳавопаймои ТУ-142 рӯзи ҷумъа дар поёни машқҳо дар гулӯгоҳи Тотор, ки Шарқи дурро аз ҷазираи Сахалин ҷудо мекунад, аз экрани радарҳо ғайб зад.
Манобеъи низомӣ ба хабаргузориҳои русӣ гуфтаанд, ки дар дохили ҳавопаймо 11 нафар буд. Қаблан дар бораи 9 сарнишин доштани ин ҳавопаймо хабар расида буд. Воҳидҳои таҳти раҳбарии артиши дарёии Русия дар уқёнуси Ором ба ҷустуҷӯи “қуттии сиёҳ”-и ҳавопаймои суқуткарда шурӯъ кардаанд.
XS
SM
MD
LG