Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳомиёни ҳуқуқи башар аз маҳкум ба зиндон шудани 23 корманди Хадамоти маркази кашфи Амрико ё СРУ, ки ба фаъолиятҳои ғайриқонунӣ ҳангоми боздошти гумонбарони терроризм муттаҳам шудаанд, истиқбол мекунанд.

Ахиран додгоҳе дар Италия беш аз 20 корманди пешини СРУ-ро бо ҷурми рабудани имом-хатиби масҷиди мусалмонони Милан дар соли 2003 ғоибона ба мӯҳлатҳои аз 3 то 8 соли зиндон маҳкум кард. Онҳо дар рабудани Мустафо Усама Наср, ки бо номи Абу Умар маъруф аст, айбдор шуданд. Насрро кормандони Хадамоти кашфи Амрико аз як хиёбони Милан рабуда, ба Миср интиқол доданд. Худи Абу Умар гуфтааст, ки ӯро дар Миср мавриди азобу шиканҷаи ваҳшиёна қарор дода, баъд аз панҷ соли зиндон бидуни эълони иттиҳом аз маҳбас озод кардаанд.

Бозрасии парвандаи кормандони Хадамоти кашфи Амрико бидуни ширкати онҳо баргузор шуд. Дар ин мурофиа ду корманди хадамоти амнияти Италия низ бо иттиҳоми даст доштан дар одамрабоӣ ҳар яке се солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд.

Ин нахустин бозрасӣ дар робита ба барномаи Хадамоти марказии кашфи Амрико ё СРУ оид ба одамрабоӣ ва интиқоли гумонбарони терроризм ба кишварҳои сеюм мебошад. Ҳомиёни ҳуқуқ ва созмонҳои ҷамъиятӣ изҳори умедворӣ мекунанд, ки ин бозрасӣ роҳро барои бозрасиҳои баъдӣ ҳамвор мекунад. Махсусан, ҷонибдорони Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, яке аз пешвоҳои Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки феълан дар зиндоне дар Душанбе ба сар мебарад. Аъзои Ҳизби демократи Тоҷикистон ҳам иддао доранд, ки лидери ҳизб Искандаров дар соли 2005-ум ба таври асрорангез аз қаламрави Русия рабуда шуда, дар Тоҷикистон ба додгоҳ кашида шудааст.

Раҷаби Мирзо, аз пуштибонони Искандаров ва раиси созмони душанбегии Ҳизби демократ, мегӯяд, ҳодисаи марбут ба рабоиши имом-хатиби масҷиди Милан ба наҳваи истирдоди Искандаров ба Тоҷикистон то ҷое шабоҳат дорад, фақат ин ки онҳое дар қочоқи лидери собиқи демократҳо даст доштанд, ҳанӯз ошкор нашудаву ба ҷавобгарӣ ҳам кашида нашудаанд:
“Ин ҳодисаи нодир нест дар Тоҷикистон. Дар бораи маҳз дуздида шудан ва қочоқӣ ба Тоҷикистон овардани Ёқуб Салимов ҳам вакилони мудофеи вай борҳо гуфтаанд. То ҳанӯз ҳам дар бораи наҳваи истирдоди Искандаров аз Маскав ба Душанбе мақомоти Тоҷикистон мавқеи ягонаро баён накарданд. Нахуст мақомоти интизомӣ гуфтанд, ки вайро аз Бишкек боздошт карданд. Худи Искандаров дар мурофиаи додгоҳӣ дар Душанбе иддао кард ва собит намуд, ки вайро дар Маскав дастгир карда, дасту сарпеч ба Душанбе оварданд. Баъдан прокуратура гуфт, ки Искандаров дар шаҳри Душанбе даст гирифта шудааст. Дар ниҳоят прокурори генералӣ боз ҳам гуфт, ки фарқаш чӣ ки як ҷинояткорро мо дар куҷо боздошт кардем!? Яъне ин ҳама далели он аст, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳуқуқи инсон комилан риоя намешавад. Ҳатто муҷозоти нафареро пеш аз мурофиаи судӣ ҳам баъзе мақомот метавонанд таъин кунанд…”

Авохири соли гузашта Анна Ставитская, вакили мудофеи Искандаров, изҳороте пахш кард, ки гӯё мақомоти Тоҷикистон иқрор кардаанд, ки Искандаровро ба онҳо тарафи Русия таслим кардааст. Ставитская гуфтааст, вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар посух ба нотаи Комиссари олии ҳуқуқи башари СММ навиштааст, “айбдоршаванда Искандаров расман аз тарафи ниҳодҳои ҳифзи қонуни Федератсияи Русия ба тарафи Тоҷикистон супурда ва 17-уми апрели соли 2005 ба боздоштгоҳи тафтишотии Вазорати амнияти Тоҷикистон ворид карда шуд”.

Бо ин ҳама, моҳи октябри соли 2005 Додгоҳи олии Тоҷикистон Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро бо айбномаи терроризм, сирқати молӣ ва ҷиноёти дигар ба 23 соли зиндон маҳкум кард.

Ин нахустин ва ягона мавриди боздоштҳои асроромез ва ҳам ғайриқонунии шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Русия набудааст, ки онро ҳомиёни ҳуқуқ одамрабоӣ мехонанд. Дар зарфи 9 соли ахир, ба гуфтаи таҳлилгарони узбак, шумори қобили мулоҳизаи шаҳрвандони Узбакистон ҳам ба сурати ғайриқонунӣ ва номаълум аз Русия ва ҷамоҳири дигари пасошӯравӣ рабуда шуда, ба мақомоти Тошканд таслим гардидаанд. Коршинос Садриддин Ашӯров мегӯяд:
“Барои Узбакистон ҳам ин хел ҳодисаҳо навигарӣ нест. Дар ин кишвар баъди воқеаҳои Андиҷон, дар соли 2005-ум ҳодисаҳои ба таври қочоқ ба Узбакистон оварда шудани шаҳрвандон афзоиш ёфтааст. Бахусус, баъди ҳаводиси Андиҷон нафарони зиёде ба хотири ҳифзи ҷону саломатӣ аз ин кишвар фирор карданд. Аммо номаълум, ки хадамоти махсус ба чӣ восита, шояд ҳамкориву ҳамдастӣ доштанд бо мақомоти дахлдори Русия, Қирғизистон, Қазоқистон ва мамолики дигар, ки иддае аз он фирориёнро ба таври асрорангез ба Тошканд оварданд ва ба додгоҳ кашидаву зиндонӣ карданд. Гӯё ин афрод аз қабл дар худи Узбакистон буданду ҳеҷ куҷо нарафта буданд ва онҳоро дар хоки ҳамин кишвар боздошт кардаанд”.

Садриддин Ашӯров меафзояд, то замоне ки мурофиаи вижаи додгоҳие, назири маҳкумияти афсарони Хадамоти маркази кашфи Амрико дар Милани Итолиё барои одамрабоӣ ва шиканҷа, дар кишварҳои Осиёи марказӣ доир нашавад, мавориди боздоштҳои ғайриқонунӣ ва истирдод ба кишварҳои саввум идома хоҳанд ёфт.
XS
SM
MD
LG