Пайвандҳои дастрасӣ

Баъд аз ҳаштод соли таъсисаш театри тоҷик дубора ба рӯзи таваллуди худ руҷӯъ кард.

Таҷлил аз ҷашни ҳаштодсолагии театри тоҷик бо намоишномае шурӯъ шуд, ки дар солҳои нахустини таъсиси он рӯи саҳна oмaда буд. Ин навбат дар таҳияи ҳунарманди варзида Барзу Абдураззоқов. «Шоҳсанам Турондухт»-и Карло Готсӣ дар таҳияи бунёдгузори театри тоҷик Ҳомид Маҳмудов дар соли 1933 бори аввал манзури бинанда шуда буд.

Театри Лоҳутӣ, ки онро вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ модари театрҳои тоҷик унвон кард, дар соли 1929 таъсис
Театршиноси маъруфи тоҷик пешниҳод кард, то театри ба номи Лоҳутӣ унвони театри миллии Тоҷикистон дода шавад,
шуда буд, ки ҳамагӣ ҳафт корманд дошт. Ин нахустин театри ҳирфаии тоҷик буд, ки бо номи театри Комиссариати халқии маорифи Тоҷикистон, баъдан театри академӣ ва дарамавӣ шуд ва ҳам номи Абдулқосим Лоҳутӣ, аз поягузорони адабиёти муосири тоҷикро, гирифт. Баъди дидани намоишномаи «Шоҳсанам Турондухт» ҷамъи зиёди фарҳангиён ва сокинони пойтахт, ки ба табрики ҳунармандони театр омада буданд, яке пушти дигаре мавриди таҳнияти худро арз медошт.

Барномаҳои ҷашнии Лоҳутӣ ду рӯз идома мекунад. Аммо дар ин миён Низом Нурҷонов, ҳунаршиноси маъруфи тоҷик, бо хитоб ба мушовирони раисҷумҳур ва вазири фарҳанг, ки дар ҷамъи ҳозирин буданд, гуфт, тамоми таърихи муосири Тоҷикистон дар санҳаи ҳамин театри Лоҳутӣ мунъакис шудааст. Ва ҳамаи дастовардҳои театри тоҷик низ ба ҳамин театр робита мегирад, пас бояд ба театри мазкур унвони театри миллии Тоҷикистон дода шавад, то имкони таҳия ва офаридани саҳнаҳои беҳтареро дошт бошад.

Аммо Муҳаммадалӣ Маҳмадов, ҳунарпешаи шинохтаи театр ва кинои тоҷик, мегӯяд, дуруст аст, ки ба як театри миллӣ ниёз аст, вале
Пурбинандатарин театр дар Тоҷикистон - театри русии ба номи Маяковский мебошад.
театри Лоҳутӣ намод ва тамсили як давраи хоси таърихи Тоҷикистон аст ва бояд ба гунаи худ боқӣ бимонад. Ва театри миллӣ дар заминаи арзишҳо, ангезаҳо ва ҳунраҳову боварҳои барҷастатари миллӣ бояд таъсис шавад.

Ҳамзамон, мависми театрӣ дар Тоҷикистон низ бо руи саҳна омадани чандин намоишномаи нав ва ё дубора таҳияшуда идома дорад. Ва боз ҳам пурмаҳсултарин театр театри давлатии Лоҳутист ва дар паҳлуи он театри русии Маяковский, ки феълан пурбинандатарин театр дар Тоҷикистон аст. Аксари бинандагони ин театри русӣ ҳам хонандагон ва донишҷӯёни макотиби русии Душанбе ва ё хонаводаи низомиёни русии мустақар дар пойтахт мебошанд, ки одати рафтан ба театррро доранд. Театрҳои тоҷикӣ, бинандаи камтаре доранд ва ё дар аксар маврид бинанда надоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG