Пайвандҳои дастрасӣ

Навори, ба гумони ғолиб, бозпурсии собиқ раиси “Қазатомпром” Ҷакишеви боздоштшуда шиддати бархӯрдҳо барои назорат бар урани Қазоқистонро таъкид мекунад.

4-уми ноябр дар сомонаи маъруфи интернетии Youtube.com навори видеоӣ аз, ғолибан, рафти бозпурсии Мухтор Ҷакишев дар Кумитаи амнияти миллӣ дар Остона пайдо гардид.
Ман ин наворро бори нахуст мебинам. Ҳамчунин медонам, ки то вакили мудофеъ таъин шуданам ҳам бозпурсии Ҷакишев бе сабти видеоӣ сурат гирифтааст ...

Ин силсилаи навори видеоӣ, ки аз 11 қисм иборат аст, тақрибан 2 соат давом мекунад. Вакили мудофеъ ва ҳамсари Ҷакишев дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфтаанд, ки ин наворро бори аввал мебинанд.

Раиси собиқи «Қазатомпром» Мухтор Ҷакишев моҳи майи соли равон аз мақомаш барканор гардида, бо гумони даст доштан дар фасод ба ҳабс гирифта шуд. То ин замон вай дар маҳкамаи муваққатии Кумитаи амният дар Остона нигаҳдорӣ мешавад.

Дар ин навори видеоӣ Ҷакишев ба саволҳои нафаре посух мегӯяд, ки чеҳрааш намоён нест. Дар пасманзари Ҷакишев ҷевони китобҳо ва костюми мардонаи парпечшуда овезон аст.

Нурлан Бейсеков, вакили дифоъи Мухтор Ҷакишев, мегӯяд, ки дар бораи нашри навори видеоӣ аз расонаҳои хабарӣ шунидааст.

Ба гуфтаи ӯ, ин бозпурсии Ҷакишев дар ҳузури вай сурат нагирифтааст: “Бале, дар навор Мухтор Ҷакишев аст. Танҳо ҳамин қадар метавонам бигӯям, ки он бозпурсиҳои Ҷакишев, ки дар ҳузури ман сурат гирифта буданд, бидуни сабт анҷом ёфта буданд. Ман ин наворро бори нахуст мебинам. Ҳамчунин медонам, ки то вакили мудофеъ таъин шуданам ҳам бозпурсии Ҷакишев бе сабти видеоӣ сурат гирифтааст. Инро дақиқ медонам, чун бо ҳама асноди бозпурсиҳои қаблӣ шинос шуда будам.”

Вакили мудофеъи Ҷакишев ҳамчунин гуфт, ки агар ҳангоми бозпурсӣ дастгоҳи наворбардорӣ истифода шавад, ин сабт бояд ҳатман дар протокол қайд карда шавад. Аз ин рӯ, вай бар ин назар аст, ки дар ин навори видеоӣ на бозпурсӣ, балки кадом як сӯҳбати ғайрирасмии Мухтор Ҷакишев бо муфаттиш сабт шудааст.



Нурлан Бейсеков афзуд, ӯ намедонад, ки кӣ ва бо чӣ ҳадаф метавонист навори мазкурро дар интирнет нашр кунад. Ҷакишев дар навори видео дар мавриди он сӯҳбат мекунад, ки чӣ гуна стратегияи ширкати “Қазатомпром”-ро бо назардошти тамоюлҳои нави бозори энержии ҳастаӣ тарҳрезӣ кардааст.

Оқои Ҷакишев мегӯяд, ки аз барканории вай аз соҳаи саноати ҳастаӣ бештар он кишварҳое бурд карданд, ки мехоҳанд Қазоқистонро минбаъд низ танҳо чун як манбаи маводи хом нигоҳ доранд, на кишвари тавлидкунанда.

5-уми ноябр дар интернет аллакай матни ин навори ғайриинтизор ба нашр расид. Он ҷо Ҷакишев ин гуна сӯҳбат мекард: “Ман ҳоло андеша мекунам, дар ин ҳама бозиҳо кӣ манфиатдор аст? Мефаҳмед? Ман чунин тахмин мекунам, ки дар асл дар ин ҳама мушкилот танҳо русҳо манфиатдоранд! Ин замон ки маро дар маҳбас нигоҳ медоранд, амалиёти зиёде матраҳ мешавад, он амалиёт, ки мо барои он алоқаманд нестем, бар зарар аст. Аммо он аксуламале, ки зарур аст нишон диҳем, нест, ҳеҷ коре намекунем.”

Мухтор Ҷакишев ҳамчунин дар навори видеоӣ гуфтааст, сар аз соли 2015-ум нерӯгоҳҳои ҳастаӣ бештар бар он моил хоҳанд шуд, ки сӯзишвории тайёрро бихаранд. Аммо ба қасди ин ки ҳамчун манбаи маводи хом барои кишварҳои абарқудрате, назири Русия, Фаронса, Чин ва Амрико боқӣ намонем, бояд худамон тавлиди маводи сӯхтро омӯзем, - гуфтааст М. Ҷакишев.

Дар ҳамин ҳол, ҳамсари Мухтор Ҷакишев, Ҷамила Ҷакишева ҳам ба радиои Озодӣ гуфтааст, ки дар бораи дар интернет пайдо шудани навори видеоии шавҳараш хабар надорад: “Ба ман имрӯз хабарнигорон занг зада, дар ин бора гуфтанд. Ҳоло дар Остона ҳастам. Ман ҳанӯз ин наворро надидаам, намедонам гап сари чӣ меравад. Ба ман иҷоза надоданд, ки бо ҳамсарам вохӯрам. Мехоҳам бо раҳбарони Кумитаи амнияти миллӣ мулоқот анҷом диҳам, то ки барои дидор бо Мухтор имкон фароҳам оваранд”.

Хадамоти матбуотии Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон аз шарҳи қазия марбут ба навори видеоии раҳбари собиқи ширкати “ҚазАтомПром” худдорӣ кард. Масъулони ниҳоди мазкур гуфтаанд, дар робита ба ин қазия ояндаи наздик изҳори назар хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG