Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон шаҳрвандонро ба ҳушмандӣ ва сабр даъват кард


Дар ифтитоҳи Боғи бозсозишудаи ботаникӣ дар шаҳри Душанбе, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, аз шаҳрвадони кишвараш дархост кард, ҳушмандиро аз даст надиҳанд. Вай гуфт, ҳукумат ва мардум бояд якҷоя ва ҳамарӯза барои шукуфоии бештари мамлакат ва паси сар кардани сахтиҳои муваққатии ду ё се соли мушкил ҷиддан заҳмат кашанд. Раҳмон шаҳрвандонро ба зиёфате даъват кард, ки дар Боғи нав ба муносибати 15-умин солгарди қабули Қонуни асосии Тоҷикистон баргузор шуд. Изҳороти президенти Тоҷикистон дар ҳоле садо медиҳад, ки сар аз аввали имсол чандин созмону маркази пажӯҳишӣ аз эҳтимоли муташанниҷ шудани вазъ дар Тоҷикистон бар асари бӯҳрони иқтисодӣ ҳушдор додаанд. Дар солҳои гузашта низ Раҳмон мушкилиҳои иҷтимоӣ ва иқтисодиро муваққатӣ ва гузаранда номидааст.
XS
SM
MD
LG