Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати қатъии Браун аз ҳукумати Афғонистон


Сарвазири Британия, Гордон Браун, ҳушдор дод, ки то ҳукумати нави Кобул ба таври қотеъ фасодро шикаст надиҳад, кишвараш дигар ҷони сарбозони худро дар Афғонистон ба хатар нахоҳад гузошт.

Вай дар паёме аз Лондон гуфт: "Андӯҳомез аст, ки ҳукумати Афғонистон ба зарбулмасали фасод табдил ёфтааст. Ва агар ин ҳукумат бар зидди фасод барнахезад, ман омода нестам, ҷони марду зани британиягиро барои он дар хатар бигузорам. Президент Карзай ҳам дирӯз розӣ шуд, ки амали қатъии зидди фасод вазифаи нахустини ҳукумати нави ӯ он хоҳад буд."

Браун афзуд, таҳдиди асосии террористӣ ба Британия аз Афғонистон ва Покистон маншаъ мегирад ва Британия наметавонад ва набояд аз ин минтақа хориҷ шавад. Британия дар ҳоли ҳозир дар Афғонистон наздик ба 9 000 сарбоз дошта, пас аз Иёлоти Муттаҳида дувумин нерӯи бузурги хориҷӣ дар Афғонистон аст ва Браун ахиран эълон кардааст, боз 500 сарбози дигар ба Афғонистон хоҳад фиристод.
XS
SM
MD
LG