Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Лондон, пойтахти Бритониё, нишасти серӯзаи раҳбарони руҳонии ҷаҳон таҳти унвонӣ “Таҷлили дин ва муҳити зист” ба поён расид.

Гуфта мешавад, ки аҳли нишаст дар мавриди алоқамандиии дарозмуддат дар робита ба ҳифзи муҳити зист комёб шуданд.
Дар ин ҳамоиш, ки бо ибтикори СММ ва Эътилофи мазҳабҳо ва ҳифзи манобеи табиӣ доир шуд, тақрибан 200 намояндаи 9 мазҳаби умдаи ҷаҳон, аз ҷумла Насронӣ, Ислом, Баҳоӣ, Буддоӣ, Яҳудӣ, Синтоизм, Сикҳ ва Таоизм, ширкат доштанд.

Раиси Эътилофи мазҳабӣ Мартин Палмер дар бораи ин нишаст ба радиои Озодӣ гуфт, “ба ин нишаст танҳо он созмонҳои мазҳабӣ омаданд, ки мехоҳанд дар бахши муҳити зист кор кунанд ва дар умум мо намояндагони беш аз 60 созмони мазҳабиро пазируфтем. Ин маънои онро дорад, ки онҳо омодаанд бо замин, сармоягузорӣ, шабакаҳои мадраса ва ғайра сарукор дошта бошанд. Масалан мусалмонон мехоҳанд, ки дар се соли оянда зиёратҳои ҳарсолаи Ҳаҷ аз роҳи безарар барои табиат баргузор шавад. Чунин сарсупурдагӣ бо алоқамандии СММ, Бонки ҷаҳонӣ, гурӯҳҳои умдаи муҳитзистӣ ҳамоҳанг шуд ва акнун онҳо ҳампаймонҳои мазҳабҳои ҷаҳонанд”.

Дар давоми панҷ соли оянда 10 муқаддастарин шаҳри ҷаҳон аз нигоҳи Ислом бояд, ба истилоҳ, "сабз" шаванд ...
Муфтии аршади Миср Шайх Алӣ Ғома дар ин нишаст гуфт, ки ҳар мазҳаб муваззаф аст, муҳити зистро ҳифз ва аҳамияти ҳифзи онро таблиғ кунад. Ба гуфтаи Палмер, аз тамоми тарҳҳое, ки дар ин нишаст муаррифӣ шуданд, тарҳи мусалмонон ҷолибтар буд.

Вай афзуд, “нахуст ва аз ҳама муҳим ҷорӣ намудани барномаи нави харид барои мусалмонон аст. Агар шумо аз рӯи қонунҳои суннатӣ амал кунед, кадом ғизоро шумо метавонед ё наметавонед истеъмол кунед, шумо метавонед миёни маҳсулоти маҳаллӣ ва ё маҳсулоти аз кимиё озод интихоб кунед. Агар шумо энержиро истифода баред, пас он бояд аз манобеи таҷдидшаванда тавлид шавад. Эълон шуда буд, ки дар давоми 5 соли оянда 10 муқаддастарин шаҳри ҷаҳон аз нигоҳи Ислом бояд, ба истилоҳ, “сабз” шаванд. Ман метавонам идома диҳам ва ин тарҳ бесобиқа аст”.

Гуфта мешавад, бо дарназардошти он ки шумораи мусалмонони ҷаҳон баробар ба якуним миллиард нафар аст, таъсири ин тарҳ бисёр бузург хоҳад буд.

Нақшаи мусалмонон ҷорӣ шудани тамғаҳои экологиро барои колоҳо ва хадамот, аз ҷумла чопи Қуръони шариф дар қоғазе, ки бидуни истифода аз дарахт тавлид мешавад, дар назар дорад. Ва ин дар ҳоле ки ҳамасола то 15 миллион нустхаи нави Қуръони шариф ба чоп мерасад. Тибқи ин тарҳ, ҳангоми таҳсил имомҳо фанновариҳо ва барномаҳои муҳитзистиро хоҳанд омухт.

Созмони “Анҷумани мусалмонхо дар мубориза бо тағйири иқлим” тарҳеро тахия кардааст, ки моҳи июл дар Истанбул аз ҷониби беш аз 50 олими мусалмон пешкаш шуда буд. Бо вуҷуди мушкил будани иҷрои тарҳ Палмер ба татбиқи он изҳори хушбинӣ мекунад.

Зимни суханронӣ дар нишаст дабири кулли СММ Бан Ки Мун гуфт, мазҳабҳои дунё бояд ба баҳси гармшавии иқлими сайёра таъсири ҷиддӣ гузоранд ...
Вай афзуд, “ба назар мерасад, Ислом динест, ки агар собит шавад он ё ин амал шаръист, пас он ҳатман иҷро мешавад, агар шаръй нест, пас ҳадди ақал аз ҷониби ақаллияти чашмраси мусалмонон иҷро хоҳад шуд”.

Зимни суханронӣ дар нишаст дабири кулли СММ Бан Ки Мун гуфт, мазҳабҳои дунё бояд ба баҳси гармшавии иқлими сайёра таъсири ҷиддӣ гузоранд. Ӯ аз пешвоёни мазҳабии ҷаҳон даъват намуд, дар ташвиқи сиёсатмадорон нақши чашмгир дошта бошанд ва онҳоро барои ширкати муассир дар Конфронси Копенгаген оид ба тағйири иқлим ташвиқ кунанд.

Интизор меравад, ки моҳи оянда дар Копенгаген, пойтахти Дания, беш аз 15 ҳазор мақомоти олирутбаи кишварҳои гуногуни олам ва донишмандон аз 192 кишвари ҷаҳон дар Конфронси СММ бахшида ба тағйри иқлим ширкат варзанд. Зимни конфронс намояндагони кишварҳои ҷаҳон талош хоханд кард, то дар робита ба тағйири иқлим ба созише расанд ва санадеро имзо кунанд, ки протоколи Киоторо иваз хоҳад кард.

Тибқи Протоколи Киото дар бораи тағйири иқлим кишварҳои ҷаҳон аз соли 1990 то соли 2012 мебоист партови газҳои гулхонаӣ ба фазоро 5 дарсад коҳиш медоданд. Аммо ба назар мерасад, ки ин санад ба ҳадафи худ нахоҳад расид, ба вижа, ки бархе аз кишварҳо аз тасвиби ин санад худдорӣ карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG