Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи бонуфузи бахши озарии Радиои Озодӣ


Бахши озарии Радиои Озодӣ соҳиби як ҷоизаи бонуфузи байнулмилалӣ шуд. Ҳамкорони мо дар бахши “Гузориши радиоӣ аз ҳодиса”-и ҷоизаи Media Excellence Award барои соли 2009 пирӯз эълон шуданд. Ин гузориш аз референдуме дар Озарбойҷон буд, ки ба раисиҷумҳур Илҳом Алиев имкон дод то бори дигар номзадии худро ба мақоми сарвари давлат пешбарӣ кунад.
Ҷоизаи Media Excellence Award аз сӯи Анҷумани пахши барномаҳои телевизион ва радиои байнулмилалӣ (AIB), мақараш дар Лондон, таъсис шудааст.
XS
SM
MD
LG