Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешбарии довталабони курсии президентӣ поён меёбад


Имрӯз мӯҳлати пешбарии номзадҳо ба мақоми раисиҷумҳури Украина поён меёбад. Сабти номи номзадҳо то 13 ноябр идома мекунад ва баъд аз он Комиссиюни марказии интихобот ному насаби довталабҳоро нашр хоҳад кард. То имрӯз 14 нафар ҳамчун довталаби курсии раисиҷумҳур сабти ном шудаанд ва миёни онҳо президенти феълӣ Виктор Юшенко, сарвазир Юлия Тимошенко ва раиси Ҳизби манотиқ Виктор Янукович ҳастанд.
Коршиносон ҳадс мезананд, ки Тимошенко ва Янукович барои пирӯзӣ шонсҳои бештар доранд. Интихоботи президентии Украина 17 январи соли оянда баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG