Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархӯрди мошин бо фил


Дар аёлати Оклахомаи ИМА як мошин бо филе бархурд, ки аз сирки маҳаллӣ фирор карда буд. Ба иттилоъи хабаргузории Associated Press, ин ҳодиса шомгоҳ рух дод ва ронандаи мошин дар лаҳзаи ахир тавонист аз бархӯрди рӯ ба рӯ бо фил ҷилавгирӣ кунад. Ва аммо бо вуҷуди ин фил, ки дар шоҳроҳ “сайр” мекард, аз бархурд бо мошин осеб дид – як пояш захмӣ шуд ва як оҷаш шикаст. Зимнан, вазни ин фили 29-сола беш аз ду тонна аст. Акнун қабл аз бозгашт ба сирк, фил бояд мавриди муолиҷа қарор бигирад.
Хабаргузорӣ менависад, ки ба ронанда ва ҳамсари ӯ, ки низ дар мошин буд, осебе нарасидааст.
XS
SM
MD
LG