Пайвандҳои дастрасӣ

"Хуруҷи хушунати ваҳшатбор" дар пойгоҳи низомии ИМА


Бар асари тирпарронӣ дар пойгоҳи низомии Форт-Ҳуд, воқеъ дар аёлати Техаси ИМА, 12 нафар кушта ва беш аз 30 нафар маҷрӯҳ шуданд. Намояндаи Пентагон генерал Боб Коун гуфт, ки тирпаронӣ аз сӯи се низомии ин пойгоҳ сурат гирифтааст. Яке аз ҳамлагарон кушта ва ду тани дигар боздошт шудаанд. Сабабҳои рух додани ин ҳодиса таҳқиқ мешавад.
Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико ин ҳодисаро “хуруҷи хушанати ваҳшатбор” номид ва ба пайвандони кушташудагон изҳори тасаллият кард.
XS
SM
MD
LG